Хави: “Барселона” – ро мехоҳам
Нимҳимоятгари испании дастаи “Ал-Садд”-и Қатар Хави Эрнандес дар хусуси тарки футбол карданаш хабар додааст. Ӯ иқрор омада, ки то ахири мавсими ҷорӣ ба фаъолияти варзишияш нуқта мегузорад. - “Ман мехоҳам бо дастаам Ҷоми қаҳрамонҳои Осиёро тори сар бардорам. Баҳри расидан ба ин орзу ва соҳиби ҷоизаи мазкур шудан, дар ҳамин мавсим талош варзидан хеле ҷолиб аст. Итминонам 99 фисад комил бувад, ки ин мавсим охирин лаҳзаҳои ҳунарнамоиям хоҳад буд. Дар доди 39 солагӣ ба пиндори ман аз футбол канор шудану ба пайраҳаи дигаре пайвастан қарори қаноатбахшест баром. Феълан дар бораи кори мураббигӣ андеша бар сар дорам ва аллакай чанд курсҳои таълимии UEFA Pro-ро гузаштам. Орзуи андсолаам – роҳбарии “Барселона”-ро бар дӯш доштан аст. Ҳоли ҳозир вақти видоъ нест, аммо ман хуб медонам, ки чӣ бояд кард.” Дар мавсими имсола Хави дар ҳайати “Ал-Садд” ду бор ба майдон омада, муаллифи ду гол шудааст. Солҳои қаблӣ ӯ дар доди 17-солагӣ узви комили “Барселона” буду дар ҳайати ин бошгоҳи маъруф 8-бор ба гирифтани унвони қаҳрамонии Испания даст ёфтааст. Ба ҷуз ин чор раҳи дигар ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст.
Таҳияи Лутфуллои Азиз