Бозгашти Месси шодию шикастро ба таркиб дошт

Бозгашти Месси шодию шикастро ба таркиб дошт

Пеш аз оғози бозии “Барселона” ва “Реал Бетис” тамоми мухлисон ва ҳаводорони футбол пирӯзиро байни ин ду бошгоҳ 80 бар 20 дарсад нисбати “нилунориҳо” медонистанд. Гарчанде, ки Валверде дар ин дидор аз ҷиҳати нарасидани якчанд футболбози калидӣ танқисӣ мекашид, аммо ӯ шод буд, ки Мессии дастон дубора ба сафи даста шомил шуд. Бе шакку шубҳа дастаи “Реал Бетис” ин мавсим на балки дар Ла Лига, балки дар Лигаи Аврупо ҳамагонро ба тааҷҷуб овардааст. Дар даври 12-уми Ла Лига “Барселона” дар варзишгоҳи “Камп Ноу” тими “Реал Бетис”-ро қабул намуд. Бозии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:4 ба суди меҳмонон хатм шуд. Дар ин дидор голҳои ғолибонро Эктор Фирпо, Хоакин Санчес, Ҷовани Ло Челсо ва Серхио Каналес ба самар расониданд. Голҳои “нилунориҳо”-ро бошад, Месси (дубл) ва Артуро Видал ба самар расониданд.  Гарчанде, ки Месси ба саф баргаштаву ду гол ба самар расонид, аммо бар зами ин “Барселона” ба бохт рӯ ба рӯ шуд.Инчунин баъд аз 15 сол аввалин маротиба “Барселона” дар хонааш 4 гол ба дарвозаи хеш сар медиҳад. Баъд аз ин бохт “Барселона” бо касби 24 имтиёз ҳанӯз ҳам садрнишини ҷадвали Ла Лига ба шумор меравад. “Бетис” бошад, бо касби  16 хол дар зинаи 12-ум қарор дорад. 

Чемпионати Испания. Даври 12-ум

"Барселона" - "Бетис" - 3:4 (0:2)

Голҳо: Фирпо, 20 (0:1). Хоакин, 34 (0:2). Месси, 68 - аз пеналти (1:2). Ло Челсо, 71 (1:3). Видал, 79 (2:3). Каналес, 83 (2:4). Месси, 90+2 (3:4). 

"Барселона": тер Штеген, Серхи Роберто, Пике, Лангле, Жорди Алба, Ракитич, Бускетс (Аленья, 69), Артур (Видал, 46), Месси, Л.Суарес, Малком (Эл-Ҳаддади, 57).

"Бетис": Пау Лопес, Манди, Бартра, Сидней, Тело, Гуардадо, Ло Челсо (Инуи, 87), Виллиам Карвалю, Фирпо, Хоакин (Каналес, 62), Лорен Морон (Леон, 76).