Лигаи олӣ ба нуқтаи ниҳоӣ расид

Лигаи олӣ  ба нуқтаи ниҳоӣ расид

Даври охирини Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Қабл аз анҷоми мавсими ҷории чемпионати мамлакат ғолибони се зинаи ифтихорӣ муайян гардида буданд. Бошгоҳи “Истиқлол” бори 7-ум ба унвони қаҳрамонии Тоҷикистон даст ёфт. Тимҳои “Хуҷанд” ва “Куктош” бошанд, дар зинаҳои дуюму сеюм қарор гирифтанд. Ҳоло таваҷҷӯҳ намоед ба натиҷаи бозиҳои даври ниҳоии Лигаи олӣ.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 21-ум

«Барқчӣ» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Шериддин Бобоев, 83 (0:1), Шериддин Бобоев, 88 (0:2).

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 44 (1:0). Наврӯз Рустамов, 84 (2:0).

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 3:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 5 (1:0). Азизбек Султонов, 7 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 19 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 77 (3:1).

КМВА «Помир» – «Хатлон» – 3:3

Голҳо: Алишер Баротов, 26 (0:1). Идибек Ҳабибуллоев, 28 (1:1). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 34 –пеналти (2:1). Худойдод Узоқов, 77 (2:2). Шамсиддин Қосимов, 79 –пеналти (3:2). Далер Шомуродов, 86 –пеналти (3:3).