Бозиҳои чемпионати Тоҷикистон ба таъхир афтоданд

Бозиҳои чемпионати Тоҷикистон ба таъхир афтоданд

Тамоми мусобиқаҳои футболи Тоҷикистон то 10-уми май боздошта мешаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон қарорҳои ситоди   ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии коронавируси COVID-19 дар кишварро, ки имрӯз боздошти муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва амнияти аҳолӣ қабул шудааст, пурра дастгирӣ мекунад. Дар робита ба ин, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоми чорабиниҳои варзишии таҳти сарпарастии ин созмон баргузоршуда, аз ҷумла мусобиқаҳои аз ҷониби Лигаҳо ва федератсияҳои минтақавии футболро боз дорад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои якшанбеи даври чоруми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ тибқи тақвим баргузор мешаванд. Аз даври панҷум сар карда, бозиҳои лигаи олӣ муваққатан боздошта мешаванд.