Бозиҳои олимпӣ барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфтанд

Бозиҳои олимпӣ барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфтанд

Охирин умеди мардуми тоҷик ба Темур Раҳимов буд, ки он ҳам бебарор анҷом ёфт. Акнун чор ҷудочие, ки Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпи Токио-2020 намояндагӣ мекарданд, ҳамааш бидуни зинаҳои ифтихорӣ монданд. Дар рӯзи охирини рақобатҳои ҷудо паҳлавони гаронвазни кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100 рӯи татамӣ баромад. Темур дар даври аввал бар ҷудочии кишвари Куба - Энди Гранда даст ба гиребон шуд. Дар ин вохӯри Темури мо бар рақибаш пирӯз шуда, ба даври 1/8 финал роҳ ёфт. Аммо дар даври мазкур Темур аз рақиби сарсахт қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 намояндаи Гурҷистон - Гурам Тушишвили дучори бохт шуда, аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд. Бояд гуфт, ки қаблан Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90кг) низ дучори бохт шуда буданд.