Бозии «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ»-ро кӣ доварӣ мекунад?

Бозии «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ»-ро кӣ доварӣ мекунад?

Конфедератсияи Футболи Осиё урдунӣ Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал—Алиро довари асосӣ барои бозии ҷавобии марҳилаи плей—оффи Ҷоми КФО миёни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) интихоб кард.

Ба ӯ дар ин бозӣ ҳамватанонаш Маҳмуд Тхахер Муҳаммад Абу Тхахер ва Обид Ал-Раҳмон Ноҷӣ Муҳаммад Оқил ёрӣ мерасонанд. Довари чорум Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа низ аз Урдун таъйин шудааст. Окада Масайошӣ аз Ҷопон ва Аҳмад Тиллоев аз Ӯзбекистон мутаносибан ба вазифаҳои нозир ва комиссари ин вохӯрӣ интихоб шудаанд.

Бозии ҷавобии марҳилаи интихобии Ҷоми КФО миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ» 26-уми феврал, соати 16:00, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мегардад. Бозии аввали дастаҳо дар Ҷалолобод бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон хотима ёфта буд.