Бозии рӯз: “Истаравшан” – “Эсхата”, имрӯз дар ТВ “Варзиш

Бозии рӯз: “Истаравшан” – “Эсхата”, имрӯз дар ТВ “Варзиш

Имрӯз дар шаҳри Истаравшан дар доираи бозиҳои ба таъхир афтодаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ , “Истаравшан” ва “Эсхата” андари майдони рақобат мешаванд. 

Дастаи “Истаравшан” мавсими имсолаи футболи кишварро бисёр ҳам гарон паси сар карда истодааст. Онҳо дар 6 бозии охир натиҷаи на он қадар хуб нишон медиҳанд ва дар таҳхонаи ҷадвал маскан гирифтаанд.  Бошгоҳи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд дар чанд бозии охира кӯшиш дорад то имтиёз аз даст надиҳад.

#MATCHDAY

Лигаи Олӣ | Даври 9-ум

«Истаравшан» - «Эсхата »

Варзишгоҳи «Истаравшан Арена»

Оғози бозӣ: 22.06.2022, 17:20

Шореҳи бозӣ: Гулрӯз Худоназарзода

ТВ «Варзиш», мустақим