Такуми Минамино ба дастаи “Монако” меравад

Такуми Минамино ба дастаи “Монако” меравад

Дастаи «Ливерпул» футболбозии ҷопонии худ Такуми Минаминоро бо маблағи 15 млн евро ва 3 млн еврои дигар иловапулӣ  ба дастаи  «Монако» мефиристад."Монако" барои интиқоли Минамино 18 миллион евро пардохт мекунад. Интизор меравад, ки қарордоди ҳамлагар бо "Монако" панҷ сол баста мешавад.


Ёдовар мешавем, ки Минамино соли 2020 ба “Ливерпул” гузашт. Ҳамлагари 27-солаи ҷопонӣ дар мавсими гузашта дар Премйер-Лигаи Англия 11 бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол даст ёфтааст. Аз соли 2015 Минамино ба тими миллии Ҷопон даъват мешавад.