Бозии рӯз: Тоҷикистон – Муғулистон, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Бозии рӯз: Тоҷикистон – Муғулистон, имрӯз дар ТВ “Варзиш”

Дар Душанбе имрӯз, 5 октябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад. Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳои қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дар оғози марҳилаи интихобӣ мунтахаби Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо ҳамсолони худ аз Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст. Биёед дастаамонро якҷоя дастгирӣ кунем!

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола

 Даври 1

 5 октябр (чоршанбе)

 Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад

 Муғулистон –  ТОҶИКИСТОН

ТВ “Варзиш” (мустақим)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

#AFCU17 #AFCU17Qualifiers