Ду бохти пайиҳами “Барселона” дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ

Ду бохти пайиҳами “Барселона” дар марҳилаи гурӯҳии ЛЧ

Дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи  гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои  Аврупо дастаҳои “Интер” ва “Барселона”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷузеппе Меатсса”-и шаҳри Милан   доир шуда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0  ба суди мизбонон   хотима ёфт.

Ягона голи вохӯриро Чалханоглу ба самар расонид.

Лига чемпионҳо | Гурӯҳи “С” |Даври 3

«Интер» – «Барселона» 1:0

Гол: Чалханоглу, 45+2

«Интер»: Онана, Дармиан (Гозенс, 77), де Врей (Ачерби, 77), Шкриняр, Бастони, Димарко (Думфрис, 76), Мхитарян, Чалханоглу (Аслани, 85), Барелла, Корреа (Ҷеко, 57), Мартинес.

«Барселона»: тер Штеген, Серҷи Роберто, Кристенсен (Пике, 58), Эрик Гарсия, Алонсо (Бальде, 64), Бускетс, Педри, Гави (Кессйе, 83), Дембеле, Рафиня (Фати, 64), Левандовски.

Огоҳӣ гирифтанд: Барелла, Чалханоглу, Мартинес, Бастони, Онана – Бускетс, Гави