Бурду бохти ду ҷудочии тоҷик дар Бишкек

Бурду бохти ду ҷудочии тоҷик дар Бишкек

Дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) идома дорад. Дар рӯзи дуюми рақобатҳои мазкур Ҳақназар Назаров ва Акмал Муродов ҳарду -81 кг ҳунарнамоӣ карданд. Ҳақназар Назаров, ки дар даври аввал озод буд, набардро аз даври дуюм бо ҳарифаш аз Кореяи Ҷанубӣ - Мун Ҷин Ли неру санҷид. Дар ин майдондорӣ ҷудочии мо бо усули «ваза-ари» шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Ҷудочии дигари ин вазн Акмал Муродов рақобатро аз марҳилаи дуюм бар муқобили Халил Ребаҳии қатарӣ оғоз кард. Дар ин дидор муаррифгари кишвари мо комёб шуда, ба даври навбатӣ роҳ пайдо кард. Дар даври навбатӣ Акмал Муродов бо ҷудочии эронитабори кишвари Муғулистон - Саид Муллаӣ андари майдони рақобат мешавад.