Сомон дар финали “Asia-Oceania Senior Championships”

Сомон дар финали “Asia-Oceania Senior Championships”

Дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек мусобиқаи Чемпионати Осиё-Уқёнусия (Asia-Oceania Senior Championships) дар ҳоли баргузорист, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи зикршуда, ҷудочии кишвар - Сомон Маҳмадбеков-73кг, намояндагӣ мекунад. Нахустин шуда, варзишгари соҳибноми кишвар Сомон Маҳмадбеков-73кг рӯи татамӣ баромад. Дар даври аввал ӯ бо намояндаи Яман - Айяш Аҳмад рақобат намуда, ки дар ин нерусанҷӣ Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар марҳилаи мазкур Сомони қавипанҷа аз сари роҳаш Муҳаммадӣ Муҳаммад аз кишвари Эронро дур карда, ба марҳилаи ½ ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал Маҳмадбеков бо барандаи медали тиллои Tunis Grand Prix 2018 - Жансай Смагулови қазоқ неру санҷид. Дар ин дидор паҳлавони мо аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба финал роҳ ёфт. Акнун барои садо додани Суруди Миллии кишвар Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони Doha Masters 2021, намояндаи кишвари Кореяи Ҷанубӣ – Ан Чангрим рақобат мекунад.