Бурду бохти ҷудочиёни тоҷик аз идомаи рӯзи якуми Grand Slam 2021

Бурду бохти ҷудочиёни тоҷик аз идомаи рӯзи якуми Grand Slam 2021

Имрӯз, 5-уми март дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мусобиқаи Grand Slam 2021 оид ба ҷудо оғоз гардид. Дар рӯзи якум рақобатҳо дар вазни 60кг ва 66кг миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин рӯз ҷудочии тоҷик Абумуслим Қаюмзода дар вазни 60 кг ҳунарнамоиро аз даври дуюм оғоз кард, аммо аз паҳлавони Туркия - Салиҳ Йлдз мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд. Варзишгари дигари тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров ҳам дар даври якум озод буда, дар марҳилаи дуюм бо намояндаи Булғористон - Янислав Герчев андари майдони рақобат гардид, дар ин рақобат паҳлавони тоҷик ба пирӯзӣ даст ёфта, роҳхати даври навбатиро соҳиб шуд. Дар даври баъдӣ Шаҳбоз бо ҷудочии беларуссия - Артиом Коласау рақобат мекунад. Дар вазни 66 кг Баҳром Суфиев бо Натон Бернс қувваозмоӣ кард. Рақобати ин паҳлавонон ба вақти тиллоӣ кашида шуд, ки иқболи ҷудокори ирдаӣ баланди карду ӯ ба пирӯзӣ даст ёфт. Ёдовар мешавем, ки барои ин варзишгарони тоҷик мусобиқаи Grand Slam 2021 аввалин сабқати сатҳи байналмилалӣ маҳсуб мешавад ва бо иштирокашон дар чунин мусобиқаҳо онҳо таҷрибаи баромад дар майдонҳои сатҳи ҷаҳонро касб хоҳанд кард.