Буркина-Фасо бар Кабо-Верде як бар сифр зафар ёфт

Буркина-Фасо бар Кабо-Верде як бар сифр зафар ёфт

Дирӯз, санаи 13-уми январ бозии даври дуюми гурӯҳи A миёни миллипӯшони Буркина-Фасо ва Кабо-Верде анҷом ёфт. Дастаҳо дар варзишгоҳи  «Пауля Бийя» дар Яундеи  Камерун ба майдон омада, худи рақобат бо ҳисоби 1:0 ба нафъи даста аз Буркина-Фасо ҷамъбаст шуд.

Голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 39-ум ҳамлавари “Аякс” Ҳассан Банде аз партофти  Исса Каборе вориди дарвоза намуд.

Пас аз ҳамин бозӣ мунтахаби Камерун бо шаш хол аз ду бозӣ дар зинаи якуми гурӯҳи A буда, яккачинҳои Буркина-Фасо ва Кабо-Верде се холӣ дар ихтиёр доранд.

Ҷоми миллатҳои Африқо. Гурӯҳи A. Даври 2-юм  

Кабо-Верде 0 : 1 Буркина-Фасо

Голҳо: 0:1 Банде – 39'