Рақиби “Реал” дар финали Суперҷом кадом даста шуд?

Рақиби “Реал” дар финали Суперҷом кадом даста шуд?

13-уми январ бозии даври ½-ниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои «Атлетико Мадрид» ва «Атлетик Билбао» баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳ Фаҳд»-и Риёз (Арабистони Саудӣ) бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи шаҳри Билбао анҷом ёфт.

Голи аввалини бозӣ дар дақиқаи 62-юм зада шуд. Дарвозабони «Атлетик» Унаи Симон иштибоҳан ба дарвозаи худ тӯбро фиристод. Ба футболбозони дастаи “Атлетик” муяссар шуд, ки дар зарфи 4 дақиқа ҳам ҳисобро баробар кунанд ва ҳам голи ғалабаоварро зананд. Аввал Эрай Алварес дар дақиқаи 77-ум гол зад ва баъд Нико Уилямс дар дақиқаи 81-ум ҳисобро 2:1 кард.


«Атлетик» ба финали Суперҷоми Испания баромад. Рӯзӣ 16-уми январ онҳо бар зидди «Реал Мадрид» барои соҳиб шудани Суперҷоми Испания-2021/22 рақобат мекунанд.