Рамос кай аввалин бозиашро дар “ПСЖ” баргузор мекунад?

Рамос кай аввалин бозиашро дар “ПСЖ” баргузор мекунад?

Серхио Рамос метавонад дар бозӣ бо тими "Анже" аввалин бор бо пироҳани “ПСЖ” вориди майдон шавад.

Бино ба гузориши Get French Football News ҳимоятгари “ПСЖ” Серхио Рамос метавонад дар бозии даври 10-уми чемпионати Фаронса бо "Анже" бозӣ кунад. Ин ҳимоягари 35-сола тобистон чун футболбози озод аз дастаи "Реал" ба ПСЖ гузариш карда буд, аммо аз он замон то ҳол дар тими нав бозӣ накардааст.