CAFA-2022 (U-19): Тақдири қаҳрамонӣ дар даври охир муайян мешавад

CAFA-2022 (U-19): Тақдири қаҳрамонӣ дар даври охир муайян мешавад

Ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки дар Душанбе ҷараён дорад, дар даври ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд.

Рӯзи 10-уми  август бозиҳои даври чаҳоруми чемпионати CAFA-2022 баргузор шуданд. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз тими Ӯзбекистон (U-19) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар дастаҳои Эрон ва Қирғизистон ғолибро муайян накарданд – 2:2.

Пас аз чаҳор даври бозии чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дар ҷадвали мусобиқа тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Якбора се даста – Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон 5-имтиёзӣ доранд. Агар барои тими ҷавонони Қирғизистон мусобиқа аллакай анҷом шуда бошад, пас футболбозони Эрон ва Ӯзбекистон бояд як бозии дигар анҷом диҳанд.

Дар даври ниҳоӣ рӯзи 12-уми август бозиҳои Афғонистон – Ӯзбекистон (оғоз – соати 18:00) ва Тоҷикистон – Эрон (оғоз – соати 21:00) дар назар аст.

Бояд қайд кард, ки даромад ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе ройгон аст. Ҳамаро ба тамошои футбол даъват мекунем!

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола

Даври 4

Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН – 3:0

Голҳо: Шаҳриёр Ҷабборов, 30 (1:0). Пӯлотхӯҷа Холдорхонов, 70 (2:0). Шаҳриёр Ҷабборов, 76 (3:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов (Салохиддин Иргашев, 78), Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Аббос Андалибов, 78), Кабир Салимшоев (Бежан Нишонбойзода, 61), Абдулло Шарипов (Амирҷони Фаррухзод, 78), Иброҳим Зокиров (Меҳроб Асоев, 78), Салам Ашӯрмамадов, Далер Шарипов (Сунатулло Азизов, 61).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шаҳриёр Ҷабборов (Ӯзбекистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5500 тамошобин.

Эрон – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Айтенир Балбаков, 33 (0:1). Эрфан Ғорбанигавашини, 49 (1:1). Биймурза Женишбеков, 53 (1:2). Амин Пилолӣ, 90+7 (2:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Кристиан Браузман (Қирғизистон).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

#CAFA #CAFAU19