Чархболи президенти “Лестер” суқут кард

Чархболи президенти “Лестер” суқут кард

Бошгоҳи футболи “Лестер Сити”-и Англия дар сомонаи расмиаш аз даргузашти соҳибмулки даста Виҷай Шриваддханапрабха расман иттилоъ дод. Воқеаи мазкур рӯзи гузашта дуртар аз варзишгоҳи "Кинг Пауэр" рух дод, ки дар ин ҳодисаи нохуш президенти дастаи “Лестер” Виҷай Шриваддханапрабха ва чор мусофири дигар ҷони худро аз даст доданд.

- Бо як ҷаҳон таассуф ба шумо хабар медиҳем, ки президенти мо Виҷай Шриваддханапрабха ҳангоми суқути чархбол дар наздикии варзишгоҳи "Кинг Пауэр" ҳамроҳ бо чор мусофири дигар ба фалокат дучор шуда, аз дунё даргузаштанд. Дар чеҳраи Виҷай мо инсони неку ҳалимеро, ки ҳаёти худро ба оилааш бахшида буд, аз даст додем. Ин шахси одилу накукорро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Бошгоҳи “Лестер” оила ӯ буд-.

Қаблан сомонаҳои бритонӣ хабар дода буданд, ки дар асари воқеа худи президент, духтараш ва ду мусофири дигар дунёи фониро падруд гуфтанд. Шривадданапрабха соли 2010 бошгоҳи “Лестер”-ро харидорӣ намуда буд. Хотиррасон мекунем, ки мавсими 2015/16 дастаи “Лестер” ба таври ҳангомавӣ бори аввал дар таърихи хеш Чемпионати Англияро соҳиб гардида буд.