Охирини рӯзи Лопетеги дар “Реал Мадрид”
Сомонаи расмии Marca хабар медиҳад, ки ин рӯз охирин рӯзи Хулен Лопетеги дар “Реал Мадрид” мебошад. Рӯзи гузашта дастаи Хулен Лопетеги дар даври 10-уми Ла Лига аз “Барселона” бо ҳисоби ҳангуфти 5:1 мағлуб шуд. Лопетегии 52 сола баъд аз бозӣ бар зидди “Барселона” бо ҳамаи футболбозони “Реал” видиъ гуфта, ба онҳо дар яонда муваффақиятҳо орзу намудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки баъди тарки Хулен собиқ сармураббии “Челси” Антонио Конте сармураббии “Реал” интихоб мешавад.