Чаро "Барселона" мавсимро бидуни Месси оғоз мекунад?

Чаро "Барселона" мавсимро бидуни Месси оғоз мекунад?

Ҳамлавари «Барселона» Лионел Месси шояд дар се бозии аввали Ла Лига ба дастааш ёрӣ дода натавонад. Ситоди муарббиёни мунтахаби Аргентина нақша доранд, ки Мессиро барои анҷом додани бозиҳои аввалини марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022, ки дар кишвар Қатар баргузор мешавад, даъват кунанд. Ҳамин тавр футболбоз дар се бозии оғози Чемпионати Испания «нилунориҳо»-ро кӯмак карда наметавонад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, айни ҳол нафаре ки аз як кишвар ба дигар кишвар сафар мекунад, барои пешгирӣ аз COVID-19 ӯро 15 рӯз карантин мекунанд. Агар Месси ба тими миллии Аргентина даъват шавад, пас ӯ ду ҳафтаашро дар карантин паси сар мекунад. Ҳамин тавр ҳамлавар бозӣ байни дастаҳои «Вилярреал», «Селта» ва «Севиля»-ро сар медиҳад.