Шоҳи ҷудои ҷаҳонӣ - Тедди Ринер ба Душанбе меояд!

Шоҳи  ҷудои ҷаҳонӣ  - Тедди Ринер ба Душанбе меояд!

Ҷудокори афсонавӣ Тедди Ринери 35 сола  дар ҳайати мунтахаби ҷудои Фаронса дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок мекунад. Ринер дар вазни ҷамъи 100 кило ба қатори 18 ҷудокори дигар ба ҳайати мунтахаби ҷудои Фаронса барои иштирок дар мусобиқаи мазкур номнавис шудааст.

Тедди Ринер ҷудокори фаронсавӣ аст, ки дар вазни беш аз 100 кг рақобат мекунад. Ӯ қаҳрамони секаратаи олимпӣ ва барандаи ду нишони биринҷии олимпӣ ва 11 карата қаҳрамони ҷаҳон, 5 карата қаҳрамони Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад. Ӯро  дар ҷаҳони ҷудо ҳамчун шоҳи ин риштаи варзиш мешиносанд.

Ринер се маротиба ҳамчун варзишгари сол дар Фаронса эътироф шудааст. Аз соли 2009 сар карда, дар давоми қариб 9 сол пайиҳам беш 150 пирӯзӣ ба даст овардааст.

Тедди Ринер дар Гваделупа ба дунё омадааст, аммо дар синни барвақтӣ бо хонаводааш ба Фаронса кӯчид. Дар синни панҷсолагӣ ба варзиш машғул шуда, ба ҷудо, баскетбол ва футбол мерафт. Дар синни 13-солагӣ ӯ тасмим гирифт, ки худро ба ҷудо бахшад. Соли 2006 Ринер бори аввал дар чемпионати Аврупо ва чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон ғолиб омад.

Соли 2007 дар Рио-де-Жанейро Ринер дар финал бар Тамерлан Тменов ғолиб омада, бори аввал қаҳрамони ҷаҳон байни калонсолон шуд. Он вақт Тедди 18 солу 5 моҳа буд ва ӯ ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи ҷудо байни мардон гардид.

Дар Олимпиадаи нахустинаш дар Пекин соли 2008, Ринер дар нимфинал шикаст хӯрд, вале баъдан дар қувваозмоии медали биринҷӣ бар Лаша Гуҷеҷиани ғолиб омад. Моҳи декабри соли 2008, Тедди дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни сангинвазнҳо ғолиб омад.

Тедди Ринер даври навбатии олимпиро қариб бе мағлубият гузаронд. Ӯ боз чаҳор унвони қаҳрамони ҷаҳон ва унвони дуюми Аврупоро ба даст овард. Дар Чемпионати ҷаҳон дар соли 2010 Ринер дар финали ҷудокори ҷопонӣ Даики Камикава мағлуб шуда буд.

Дар Олимпиадаи дуюми худ дар Лондон-2012 Ринер барои рақибонаш шонсе нагузошт. Дар финал бар Александр Михайлин ғалаба карда, бори аввал дар корномааш қаҳрамони олимпӣ шуд. Ҳамон сол дар Фаронса Ринер варзишгари сол дониста шуд.

Ринер ба Бозиҳои сеюми олимпии худ дар Рио-де-Жанейро ҳамчун чемпиони нӯҳкаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони панҷкаратаи Аврупо наздик шуд. Ринер парчамбардори тими Фаронса дар Бозиҳои соли 2016 ва фаворити аслии мусобиқоти олимпӣ оид ба ҷудо дар вазни беш аз 100 кг буд. Дар финал Ринер бар Хисаёси Харасава ғалаба карда, чемпиони дукаратаи олимпӣ гардид.

Соли 2017 Тедди Ринер дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт дар вазни беш аз 100 кг ғолиб шуд ва ду моҳ баъд дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни сангинвазнҳо дао Марракеш баргузор шуд, медали тилло гирифт. Ҳамин тавр, Ринер қаҳрамони 11-каратаи ҷаҳон ва серунвонтарин варзишгари таърихи чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо гардид.

Соли 2020 дар мусобиқаи Grand Slam дар Париж, Тедди дар муборизаи сеюм аз Ҷопон Кокоро Кагеура мағлуб шуд. Бохт ба ғалабаи бебаҳои 154-бозии Ринер, ки аз моҳи сентябри соли 2010 беш аз 9 сол тӯл кашид, хотима дод.

Олимпиадаи Токио дар корномаи ҷудокори афсонавӣ чорумин гардид. Ринер дар даври чорякфиналии мусобиқаи олимпӣ аз Тамерлан Башаев ба таври ҳассос шикаст хӯрд. Дар бозии ҷавобӣ Ринер тавонист пирӯз шавад ва дар ниҳоят барандаи медали биринҷии Токио-2020 шуд. Рӯзи дигар Ринер дар ҳайати дастаи Фаронса дар мусобиқаи дастаҳои омехта сеюмин тиллои олимпиро ба даст овард.

Моҳи июли соли 2022, Ринер пас аз таътили тӯлонӣ ба майдон баргашт ва ғолиби мусобиқаи Grand Slam дар Будапешт шуд. Моҳи август ҷудокори афсонавии фаронсавӣ аз пояш ҷароҳат бардошта, маҷбур шуд, ки дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Ӯзбекистон соли 2022 ширкат накунад. Пас аз шифо ёфтан, ӯ тамринро ба Бозиҳои чоруми олимпии корномааш, ки соли 2024 дар Париж баргузор мешавад, идома медиҳад.

Тедди Ринер бо Лют Плокус издивоҷи шаҳрвандӣ дорад. Моҳи апрели соли 2014 ҳамсарон соҳиби писар Иден ва дар моҳи октябри соли 2018 духтар Исис шуданд. Ринер 205 см қад ва 125 кг вазн дорад. Аз ин рӯ, ӯро "Теди калон" ва "Тедди хирс" меноманд. Ҳоло ҳадафи асосии Ринер ин роҳ ёфтан ба Бозиҳои Олимпии Париж 2024 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мо аз ташрифи ҷудокори афсонавии дигари ҷаҳон Шоҳей  Оно  хабар дода будем, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ин мусобиқа ширкат меварзад. Мусобиқаи Гранд Слами Душанбе аз 3-юми май то 5-уми май дар қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе доир мегардад.