Чаро Ибрагимовичро барои шикастани рӯи рақиб муҷозот накарданд?
Кумитаи интизомии MLS ба хулосае омадааст, ки ҳамлавари шведии бошгоҳи «Лос-Анҷелес Гэлакси» - Златан Ибрагимовичро барои бархурд бо дифоъгари «Лос-Анҷелес» - Муҳаммад Мунир муҷозот накунад. Ёдовар мешавем, ки дар бозӣ байни дастаҳои «Лос-Анҷелес Гэлакси» ва «Лос-Анҷелес» (3:2) Ибрагимовичи 37 сола бари рӯи дифоъгари дастаи рақиб - Муҳаммад Мунирро шикаста буд. Ибрагимович соли 2018 ҳамчун футболбози озод аз «Манчестер Юнайтед» ба «Лос-Анҷелес Гэлакси» гузариш намуда буд.