Трансфери Гризманнро монеа таҳдид мекунад

Трансфери Гризманнро монеа таҳдид мекунад

Президенти Ла Лига Хавэр Тебас қайд кард, ки ташкилоташ гузариши бозингари фаронсавӣ Антуан Гризманн ба дастаи “Барселона“ метавонад монеагузор бошад.

Асоси ин монеа бошгоҳи қаблии қаҳрамони ҷаҳон ”Атлетико” мебошад, ки баҳри маҳкам кардани гузариши Гризманн ба Ла Лига шикоят ирсон намудааст. Ла Лига қабул ва баррасии шикоятро тасдиқ мекунад. Тафтишот оғоз шудааст ва мо қарори онро интизорем. Ҳоло дигар чизе гуфта наметавонам”, - қайд кардааст Хавэр Тебас.

Ёдовар мешавем, ки “Барселона” Гризманнро бо маблағи 120 млн евро харидорӣ намуда буд. Мадридиҳо боз 80 млн еврои дигар руёнидан мехоҳанд. Онҳо норозиянд, ки “Барселона” бо Гризманн шарномаро пеш аз оғози “Гузариши тобистона” аниқтараш 9 март ба имзо расондааст.