Чаро Садио Мане бо Юрген Клопп салом накард?

Чаро Садио Мане бо Юрген Клопп салом накард?

Дар варзишгоҳи “Олд Траффорд” бозии мавқуфгузоштаи даври 34-уми Премйер Лига байни «Манчестер Юнайтед» ва «Ливерпул» баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 4:2 хотима ёфт. Пас аз бозӣ, ҳамлагари “Ливерпул” Садио Мане аз Юрген Клопп дастфишорӣ карданро рад кард. Пас аз бозӣ мураббӣ кӯшиш кард, ки бо ҳамлагар дастфишорӣ кунад, аммо сенегалӣ сар ҷунбонд ва аз назди Клопп гузашт. Мане ин вохӯриро аз курсии эҳтиётӣ оғоз карда, дар дақиқаи 74-ум вориди майдон шуд.