«Челси» ба финали Ҷоми Лигаи Англия-2021/22 баромад

«Челси» ба финали Ҷоми Лигаи Англия-2021/22 баромад

12-уми январ бозии дуюми дастаҳои “Челси” ва “Тоттенҳэм” дар даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия-2021/22 барпо шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Тоттенҳэм Хотспур»-и Лондон бозӣ карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи “ашрофзодаҳо” анҷом ёфт.

Голи ягонаро дар дақиқаи 18-ум Антонио Рюдигер ба самар расонд. Дар дақиқаҳои 41-ум ва 57-ум сардовари вохӯрӣ пас аз тамошои видеои такрорӣ ду пеналтии ба дарвозаи «Челси» таъйин кардаашро бекор намуд. Дар дақиқаи 63-юм Ҳарри Кейн тӯбро ба дарвозаи меҳмонон равона сохт, аммо бо сабаби оффсайд он бекор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии якуми дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба суди шогирдони Томас Тухел хотима ёфта буд. Ҳисобии умумии бозии рафту баргашт 3:0 ба фоидаи “Челси” шуд. Бо ин натиҷа "Челси" ба финали Ҷоми Лигаи Англия-2021/22 роҳ ёфт. Дар финал онҳо бо ғолиби ҷуфти “Арсенал”-“Ливерпул” рӯ ба рӯ мешаванд.