«Челси» қулфи дарвозаҳои «Атлетико» -ро пайдо кард

«Челси» қулфи дарвозаҳои «Атлетико» -ро пайдо кард

Дар варзишгоҳи “Насионал”-и шаҳри Бухарест, ки дар кишвари Руминия ҷойгир аст, дастаҳои “Атлетико” ва “Челси” бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳоро доир намуданд.

Бозӣ аз ҷониби ҳар ду даста бисёр пушида ҷараён гирифт ва дар нимаи аввал дастаҳо лаҳзаҳои хавфноки голзанӣ тақрибан надоштанд. Тақдири бозиро ягона голи Оливйе Жиру ҳал кард. Ӯ дар дақиқаи 68-уми майдондорӣ бо усули зебо тӯбро ба дарвозаи Облак ворид намуд. Баъд аз сар додани гол футболбохони шаҳри Мадрид шумораи ҳуҷумҳои худро хеле зиёд намуданд, аммо дарвозаи рақибро таслим кардан натавонистанд. Ҳамин тариқ ҳисоби бозӣ бетағйир монд ва дастаи “Челси” пирӯзии муҳими худро ба даст овард. Маврид ба ёдоварист, ки бозии ҷавобии дастаҳо 17-уми март дар Лондон сурат мегирад.

Лигаи чемпионоҳо. Даври 1/8 финал

Бозии аввал

«Атлетико» (Испания) — «Челси» (Англия) — 0:1 (0:0)

Гол: Жиру, 68.

«Атлетико»: Облак, Савич, Фелипе, Эрмосо (Витоло, 84), Коке, Саул (Лоди, 82), Лйоренте, Суарес, Корреа (Торрейра, 82), Лемар, Жоау Феликс (Дембеле, 82).

«Челси»: Менди, Аспиликуэта, Алонсо, Рюдигер, Кристенсен, Ковачич (Канте, 74), Жоржиню, Маунт (Зиех, 74), Жиру (Хавертс, 87), Вернер (Пулишич, 87), Хадсон-Одои (Ҷеймс, 80).