«Бавария» аллакай дар даври ¼ ниҳоии Лигаи чемпионоҳо?

«Бавария» аллакай дар даври ¼ ниҳоии Лигаи чемпионоҳо?

Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Бавария» ба меҳмонии тими «Латсио» сафар кард. Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Олимпико»-и шаҳри Рим доир шуда, бо натиҷаи калони 1:4 ба суди қаҳрамони феълии ЛЧ хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 9-уми дидор Роберт Левандовски аз иштибоҳи футболбози мизбон истифода карда, ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 24-уми дидор бошад, Ҷамол Мусиала натиҷаи дидорро 2:0 кард. Дар охири қисми якуми бозӣ форварди меҳмонон - Лерой Зане голи сеюми дастаашро ба нишон расонид. Дар дақиқаи 47-уми дифоъгари «Латсио» Франческо Ачерби иштибоҳан тӯби чоруми олмониҳоро таслими тури дарвозаашон кард. Ягон голи шармшикани мизбононро Хоакин Корреа ба нишон расонид. Ҳамин тавр дар ин дидор шогирдони Ханс-Дитер Флик бидуни ягон мушкилӣ дастаи рақибро голборон намуда, ба даст овардани роҳхати даври ¼-иро барои хеш осон намуданд. Бояд гуфт, ки бозии ҷавобии дастаҳо санаи 17-уми март дар шаҳри Мюнхени Олмон доир мешавад.

Лигаи чемпионоҳо. Даври 1/8 финал

Бозии аввал

«Латcио» (Италия) — «Бавария» (Олмон) — 1:4 (0:3)

Голҳо: Левандовски, 9 (0:1). Мусиала, 24 (0:2). Сане, 42 (0:3). Ачерби, 47 — (худгол) (0:4). Корреа, 49 (1:4).

«Латсио»: Рейна, Музакко (Лулич, 31), Ачерби, Габаррон (Худт, 53), Лукас (Эскаланте, 53), Луис Альберто (Акпа-Акпро, 81), Марушич, Милинкович-Савич (Каталди, 81), Лассари, Иммобиле, Корреа.

«Бавария»: Нойер, Боатенг, Алаба, Зюле, Киммих, Коман (Эрнандез, 75), Горетска (Хави Мартинес, 63), Дэйвис, Мусиала (Сарр, 90), Левандовски, Сане (Шупо-Мотинг, 90).