Чемпионати ҷаҳон мавқуф гузошта шуд

Чемпионати ҷаҳон мавқуф гузошта шуд

Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей байни бонувон, ки баргузориаш моҳи апрел дар назар буд, ба моҳи май мавқуф гузошта шуд. Дар аввал, мусобиқа мебоист аз 31 март то 10 апрели соли 2020 дар шаҳрҳои Канада, Галифакс ва Труро баргузор мешуд, вале бо иллати бемории коронавирус ин чорабинии муҳташами ҷаҳонӣ ба соли 2021 интиқол дода шуд.

Баъдан IIHF ба қароре омад, ки мусобиқаро як моҳ ба таъхир андозад. Акнун Чемпионат 6-уми май оғоз ёфта, 16-ум анҷом меёбад. Ҷои баргузории мусобиқа бетағйир боқӣ мемонад.