Чемпионати CAFA-2021 имрӯз оғоз мешавад

Чемпионати CAFA-2021 имрӯз оғоз мешавад

Имрӯз, 11-уми июн дар шаҳри Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни занони дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз меёбад. Панҷ даста барои унвони пурқувваттарин минтақа мубориза мебаранд. Дар чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонон (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Дар даври аввал, имрӯз 11-уми июн соати 18:00 бозии байни тимҳои миллии Ӯзбакистон ва Афғонистон оғоз мешавад. Сипас, соати 21:00 футболбозони Эрону Тоҷикистон вориди майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе мешаванд. Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ дар доираи мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 20-сола 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа дар системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори зиёди холҳои бадастомада муайян карда мешавад.

Чемпионати CAFA-2021 миёни мунтахабҳои бонувон имрӯз оғоз мешавад (U-20):

Даври 1-ум

11 июн (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Афғонистон

21:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН

Даври 2-уюм

12 июн (шанбе)

18:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

Даври 3-юм

14 июн (Душанбе)

18:00 – Афғонистон – Эрон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4-ум

15 июн (сешанбе)

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – Эрон

Даври 5-ум

17 июн (Паҷшанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон