Чемпионати Осиё-2018 U 19: Ғолибони гурӯҳи А маълум шуданд
Дар доираи даври сеюми рақобатҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 19-сола мунтахабҳои Қатар ва Тайпейи Чин бо ҳам дидор анҷом доданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Пакансари” баргузор шуда бо натиҷаи 4:0 бар суди ҷавонони Қатар анҷом ёфт. Дар қисми аввали дидор футболбозони Қатар имкониятҳои хуби голзаниро ба миён оварданд, вале онҳоро истифода карда натавонистанд. Бозигарони Тайпейи Чин бошанд, дар нимаи аввал танҳо як зарбаро ҷониби дарвозаи рақиб равон намуданд. Ташаббуси нимаи дуввуми бозӣ ҳам ба пуррагӣ дар дасти қаҳрамонони соли 2014, мунтахаби ҷавонони Қатар буд. Нахуст Валид Халид ҳисоби дидорро кушуд. Дар идома Ҳошим Али 2 голро марбути номи худ карда, ҳисобро 3:0 кард. Як голи дигарро Абдулрашид Умару ба самар расонид ва ҳамин тавр, яъне бо ҳисоби 4:0 мунтахаби то 19 солаи Қатар дар ин дидор ғолиб омад. Дар дидори дигари ин гурӯҳ мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:0 бар АМА дастболо гардид. Ҳамин тариқ мунтахаби ҷавонони Қатар бо касби зинаи аввал ва Индонезия бо ишғоли зинаи дуввум ғолиби гурӯҳи А шуданд.