Латукӯби “Атлетико” дар Дортмунд

Латукӯби “Атлетико” дар Дортмунд

Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар доираи даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо дар сафар бо “Боруссия Дортмунд” рақобат кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк” сурат гирифта, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи мизбонон хатм шуд. Голҳои мизбононро дар дидори мазкур Аксел Витсел, Рафаэл Герейру (2 гол) ва Ҷейдон Санчо ба самар расониданд. Пас аз ин дидор “Боруссия Дортмунд” бо касби 9 имтиёз садрнишини гурӯҳи А буда, “Атлетико Мадрид” бошад, бо 6 имтиёз дар мақоми дуюми қарор дорад. 

Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи “А”

"Боруссия" Д (Олмон) - "Атлетико" (Испания) - 4:0 (1:0) 

Голҳо: Витсел, 38 (1:0). Рафаэл Геррейру, 73 (2:0). Санчо, 83 (3:0). Рафаэл Геррейру, 89 (4:0).

"Боруссия": Бюрки, Пищек, Диалло, Хакими, Загаду, Витсел, Ройс, Дилэйни (Дахуд, 35), Геттсе, Пулишич (Санчо, 79), Брун Ларсен (Рафаэл Геррейру, 63).

"Атлетико": Облак, Хуанфран, Годин, Филипе Луис, Эрнандез, Коке, Сауль (Корреа, 70), Партей (Эрнандес, 46), Диегу Коста, Гризманн, Лемар.   

"Брюгге" (Белгия) – "Монако" (Фаронса) – 1:1 (1:1)

Голҳо: Силла, 31 (0:1). Уэсли, 39 (1:1).

Таҳияи: Фаридун