Чемпионати Тоҷикистон оид ба баскетбол ҷамъбаст гардид!
Тавре қаблан иттилоъ дода будем бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баскетбол байни бонувон аз 21-уми октябр оғоз гардида, санаи 25-уми октябр ҷамъбаст гардид. Дар ин чорабинии ҷумҳуриявӣ варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии мураббии маркази омодагии олимпӣ, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш Сарфароз Азимшоев дар шаҳри Душанбе бар ҳамаи варзишгарони дастаҳои ҷумҳурӣ ғолиб баромада, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд. Қобили зикр аст, ки соли саввум аст,ки варзишгарони номбурда дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 1-умро ишғол менамоянд.