Чор голи Сон ба дарвозаи «Саутгемптон»

Чор голи Сон ба дарвозаи «Саутгемптон»

Дар бозии даври 2-юми Премйер-лигаи Англия дастаи «Саутгемптон» тими «Тоттенхэм Хотспур»-ро қабул намуд. Вохӯрии дастаҳо дар майдони «Сент-Мэри»-и шаҳри Саутгемптон доир шуда, бо натиҷаи бузурги 5:2 ба суди «Тоттенхэм Хотспур» хотима ёфт. Дар ин майдондории шадид чор голи меҳмононро Сони осиёӣ аз пасҳои головари Кейн ба нишон расонид. Як голи дигарро бошад, худи Кейн ба ҳадаф расонид. Ҳарду тӯбҳои мизбононро бошад, Ингс ба номаш муҳр зад. Акнун дар даври навбатӣ «Тоттенхэм Хотспур» бо «Нюкасл Юнайтед» неру месанҷад.