«Пари Сен-Жермен» ба худ меояд

«Пари Сен-Жермен» ба худ меояд

Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, бошгоҳи ПСЖ дар оғози Чемпионати Фаронса дучори мушкилиҳои зиёд шуд. Ин даста ҳатто дар ду бозӣ дучори бохт гардид, ки ин натиҷа онҳоро хеле нигарон кард ва ниҳоятан онҳо ба пирӯзиҳо шуруъ намуданд. Дар даври 4-уми Лигаи якуми Фаронса ПСЖ ба меҳмонии «Нитса» сафар кард. Вохӯрии дастаҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 3:0 ба суди қаҳрамони феълии Фаронса хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳоро Килиан Мбаппе, Анхел Ди Мария ва Маркинйос ба нишон расониданд. Баъди ин пирӯзӣ ПСЖ соҳиби шаш имтиёз шуда, ба зинаи 7-уми ҷадвал роҳ ёфт.