Дар қаламрави кишвар баргузории ҳама чорабиниҳои варзишӣ манъ карда шуд

Дар қаламрави кишвар баргузории ҳама чорабиниҳои варзишӣ манъ карда шуд

Имрӯз, 25-уми апрел дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ аз коронавирус ва манъ кардани чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ эълон карда шуд.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои омавӣ – варзишӣ, манъ карда шуд.

Хушбахтона то имрӯз, дар кишвари мо бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ қарори мазкур бароварда шуд.