Дар Лигаи Конференсияҳо ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ муайян шуданд

Дар Лигаи Конференсияҳо ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоӣ муайян шуданд

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Лигаи конференсияҳо хотима ёфтанд, ки тибқи натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокчиёни даври ниманиҳоии ин мусобиқа маълум гардиданд:

«Фиорентина» - «Брюгге»;

«Астон Вилла» — «Олимпиакос».

Лигаи конференсияҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум

03-юми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ

Фиорентина (Италия) - Брюгге (Белгия)

Лигаи конференсияҳо. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 1-ум

03-юми майи соли 2024, панҷшанбе. 00:00 ДШБ

Астон Вилла (Англия) – Олимпиакос (Юнон)

«Фиорентина» бар «Виктория Плзен» бо ҳисоби 2:0 (ҳисоби умумӣ 2:0) пирӯз шуд. Дар ин рақобат Николас Гонсалес ва Кристиано Бираги ба задани гол даст ёфтанд.

Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

18-уми апрели соли 2024, панҷшанбе. 21:45 ДШБ

Фиорентина (Италия) 2 : 0 (вақти иловагӣ) Виктория Плзен (Чехия)

1:0 Гонсалес – 92'     2:0 Бираги – 108'   

Корит сурх: Каду – 66'

«Астон Вилла» дар силсилазарбаҳои пеналтӣ   «Лилл»-ро (2:1, пен. 3:4) шикаст дод. Дар ҳайати дастаи фаронсавӣ Юсуф Язиҷи ва Бенжамен Андре ба задани гол даст ёфтанд. Дар сафи «Астон Вилла» бошад Мэтти Кэш муаллифи гол шуд.

Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

18-уми апрели соли 2024, панҷшанбе. 21:45 ДШБ

Лилл (Фаронса) 2 : 13 : 4 Астон Вилла (Англия)

1:0 Язиҷи – 15'     2:0 Андре – 67'     2:1 Кэш – 87'   

«Брюгге» зидди ПАОК бо ҳисоби 2:0 (ҳисоби умумӣ. 3:0) зӯр баромад. Дар сафи тими белгиявӣ Ферран Жутгла муаллифи ду гол шуд.

Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ

ПАОК (Юнон) 0 : 2 Брюгге (Белгия)

0:1 Жутгла – 33'     0:2 Жутгла – 45'   

«Фенербахче» тавонист муқобили «Олимпиакос» бо ҳисоби 1:0 (ҳисоби умумӣ 3:3) зафар ёбад, вале дар силсилазарбаҳои пеналтӣ «Олимпиакос» зӯртар баромад (2:3).

Лигаи конференсияҳо. 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

19-уми апрели соли 2024, ҷумъа. 00:00 ДШБ

Фенербахче (Туркия) 1 : 02 : 3 Олимпиакос (Юнон)

1:0 Кахвеҷи – 11'   

Корти сурх:   Нтои – 120+4'

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои нахусти марҳилаи ниманиҳоӣ рӯзи 2-юми май доир шуда, бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 9-уми май баргузор мешаванд.