Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

1-уми май дар мавзеи Хуррамзамини ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар он зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Русия, Туркия, Узбекистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, пеш аз оғози чорабинии варзишӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаҳои варзишӣ шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки намуди варзиши парапланеризм ва воситаҳои парвози сабук яке аз намудҳои маъмул ва дӯстдоштанӣ маҳсуб меёбад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи он ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Илова карда шуд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмандтарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад.

Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, муаррифии шоистаи фазову имконияти хуби варзишии ҷумҳурӣ ва рушди варзиши парапланеризм буда, баҳри кашфи чеҳраҳои нав дар ин самти варзиши экстрималӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон пеш аз оғози мусобиқаи байналмилалӣ тариқи ҳавопаймо гурӯҳе аз варзишгарони намуди варзиши парашютизм аз 5 000 метр масофа баландӣ ҷаҳиш бо парашют анҷом дода, дар фазо парчамҳои миллиро парафшон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки парапланеризм намуди варзиши фароғатӣ ва ҷалбкунанда буда, парапланҳо сабук, озоду бе алвонҷ, бе сохтори асосии сахт парвоз мекунанд.