Дар шабакаҳои интернетӣ исми ҷоизадори «Тӯби тиллоӣ» пайдо шуд

Дар шабакаҳои интернетӣ исми ҷоизадори «Тӯби тиллоӣ» пайдо шуд

Дар саҳифаи иҷтимоии Twitter расми муддаиёни ҷоизаи бонуфузи «Тӯби тиллоӣ»-2021 пайдо шудааст. Дар он варақа ғолиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ҳамлавари лаҳистонии дастаи “Бавария” - Роберт Левандовский мебошад. Дар номи ӯ 627 овоз ба қайд гирифта шудааст. Дар зинаи дуюм бошад, форварди “ПСЖ” Лионел Месси ва дар ҷои сеюм Карим Бензема аз “Реал” қарор гирифтаанд.

Овоздиҳӣ рӯзи 24 октябр ба поён расид, аммо номи баранда танҳо дар маросими расмии ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”, ки 29 ноябр дар Париж баргузор мешавад, маълум хоҳад шуд. Қобили қайд аст,ки соли 2019 Месси барандаи ҷоиза шуд ва соли 2020 ба далели вазъи эпидемиологии ҷаҳон ин маросим баргузор нашуд.

Нет описания фото.