Ҷоми лигаи Англия барои «Манчестер Сити» хотима ёфт
Дар бозии даври 1/8 финали Ҷоми лигаи Англия дастаи «Манчестер Сити» бо тими «Вест Хэм» даст ба гиребон шуд. Бозии дастаҳо ҷолиб баргузор шуда, бо натиҷаи 5:3 аз рӯи силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра ба фоидаи «Вест Хэм» хотима ёфт. Дастаи “МС”, ки дар чор соли охир ин ҷоизаро ба касе намедод, имрӯз ночор тарки ин мусобиқа кард.
Ҷоми лигаи Англия
Даври 1/8 ниҳоӣ
«Вест Хэм Юнайтед» — «Манчестер Сити» — 0:0. Аз Пеналти — 5:3