Дар Торонто даври 10-уми сабқати довталабон доир шуд

Дар Торонто даври 10-уми сабқати довталабон доир шуд

Бозиҳои даври даҳуми сабқати довталабон ва сабқати довталабон миёни бонувони ФИДЕ анҷом шуданд.

Дар вохӯрии марказӣ пешсафони мусобиқа Ян Непомняший ва Доммараҷу Гукеш дар дифоъи Котсиои даври испанӣ бозӣ намуда, рақобати оромонае пушти сар карданд. Мӯҳраҳои сиёҳ ба амалҳои фаъолонаи ҳариф дар қаноти шоҳ аксуламали зуд нишон дода, баъди ивазкунии мӯҳраҳо бозӣ баробар шуд. Дар ин рақобат ахиран мусовӣ ба қайд гирифта шуд.

Фабиано Каруана бошад бо мӯҳраҳои сафед бар Алиризо Фируҷа пирӯз шуд ва ба пешсафон наздик шуд. Ҳамчунин баъди муборизаи бидуни иштибоҳ зидди Ниҷот Абосов Хикару Накамура ҳам мавқеашро дигар кард. Даври бозии Прагнанандха - Видит бошад мусовӣ анҷом ёфт.

Мавқеи иштирокчиён баъди даври 10-ум:

1-2. Ян Непомняший, Доммараҷу Гукеш - 6 холӣ, 3-5. Фабиано Каруана, Хикару Накамура, Рамешбабу Прагнанандха - 5,5 холӣ, 6. Видит Сантош Гуҷрати - 5 хол, 7. Алиризо Фируҷа - 3,5 хол, 8. Ниҷот Абосов - 3 хол.

Ҷуфтҳои даври 11-ум:

Прагнанандха - Накамура

Видит - Непомняший

Гукеш - Каруана

Фируҷа - Абосов

Миёни бонувон Александра Горячкина бо мӯҳраҳои сиёҳ дар миттелшпили дифоъи славянӣ зидди Лэй Тинсзе номуваффақона амал кард. Баъди гузаронидани назорат россиягӣ дар ҳолати бохт қарор дошт, вале шоҳмотбози чинӣ аз чанд имкон истифода набурд. Ин ҳам ба Горячкина имкон дод, ки вазъро баробар кунад. Вале дар гашти 61-ум ба иштибоҳи ҷиддӣ роҳ дод ва дучори бохт гардид.

Мусовӣ даври бозӣ миёни Екатерина Лагно ва Анна Музичук анҷом ёфт. Дар варианти кушоди даври испанӣ ба эндшпили баробар расонд. Мусовӣ дар гашти 60-ум ба қайд гирифта шуд.

Нургул Салимова ба пирӯзӣ бар Рамешбабу Вайшали наздик буд, аммо нахуст пирӯзиро аз даст дод ва баъдан бо иштибоҳи дағал дучори бохт шуд. Натиҷаи мусовӣ дар даври Тан Чжунйи - Конеру ба қайд гирифта шуд.

Мавқеи иштирокчиён дар даври 10-ум:

1-2. Лэй Тинсзе, Тан Чжунйи - 6,5 холӣ, 3-4. Александра Горячкина, Екатерина Лагно - 5,5 холӣ, 5. Хампи Конеру - 4,5 хол, 6-7. Анна Музичук, Нургул Салимова - 4 холӣ, 8. Рамешбабу Вайшали - 3,5 хол .

Ҷуфтҳои даври 11-ум:

Тан Чжунйи - Лагно

Конеру - Салимова

Вайшали - Горячкина

Лэй Тинсзе - Музичук

Рӯзи сешанбе, 16-уми апрел дар мусобиқа рӯзи истироҳатӣ буд.

Сарчашма: "ruchess.ru"