Дастаи "Кӯшон" аз "Сарҳадчӣ" имтиёз ситонд

Дастаи "Кӯшон" аз "Сарҳадчӣ" имтиёз ситонд

29 июли соли ҷорӣ ду бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дар даври 3-юми дастаи "Кӯшон"-и ноҳияи Кӯшониён тими “Сарбанд”-и шаҳри Левакантро дучори бохт намуд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Кӯшониён доир гашт, ки бозӣ бо ҳисоби 4:3 ба суди мизбонон ҷамъбаст гардид.

Дар доираи ҳамин давр дастаҳои «Сурхоб»-и ноҳияи Темурмалик ва «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ андари майдони рақобат шуданд, ки бозингарони тими «Сарҳадчӣ» бо ҳисоби 3:2 зафар ёфтанд.

Даври 3-юм, 29 июли соли 2020

1. «Кӯшон» - «Сарбанд» 4:3

2. «Сурхоб» - «Сарҳадчӣ» 2:3

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон