Мусовии Тоҷикистон бо Малайзия

Мусовии Тоҷикистон бо Малайзия

Имрӯз, 23-юми октябр мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон зери роҳбарии Мубин Эргашев дидори дуюмини хешро дар бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 баргузор намуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони тоҷик аз аввал то охири бозӣ фаъол буда, зарбаҳои қавии хешро ҷониби дарозаи Малайзия равон менамуданд. Рақобати мунтахабҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳанӯз ҳам мунтахаби мо имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Ҳатто мусовӣ бар мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Арабистони Саудӣ роҳи дастаи яккачини моро ба даври ¼ ниҳоии мусобиқоти мазкур ҳамвор месозад. Дар айни ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз зинаи дуввуми гурӯҳи «D»-ро касб кардааст. Малайзия бошад, танҳо 1 имтиёз ба даст оварда, як зина аз мо поён, яъне дар мавқеи сеюми ин гурӯҳ ҷой гирифтааст. Бозии навбатии мо бар зидди Арабистони Саудӣ 26-уми октябр баргузор мегардад.   

Чемпионати Осиё-2018. U-19

Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи «D». Бозии дуюм

Малайзия - Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳадӣ Фаядаҳ 11, Эҳсони Панҷшанбе 34 (пеналти), Ваҳдат Ҳанонов 55 (худгол)