Дастаи “Нилу” ғолиби мусобиқаи футбол дар шаҳри Ҳисор гардид

Дастаи “Нилу” ғолиби мусобиқаи футбол дар шаҳри Ҳисор гардид

Давоми ду моҳ мешавад, ки миёни 24 деҳаи шаҳри Ҳисор мусобиқаи футбол ҷараён дошт. Дастаҳо аз деҳаҳои мухталифи шаҳр барои ба даст овардани Ҷому нишонҳои заррини мусобиқа рақобати ҷолибу шадиде миёни ҳамдигар анҷом доданд.

Рӯзи 21-уми июн миёни 24 дастаи иштирокчӣ 2 дастаи беҳтарину муваффақ ба даври ниҳоӣ бо шикаст додани рақибонашон роҳ ёфтанд.  Дастаҳои “Нилу” ва “Тутака” дар марҳилаи ниҳоӣ бозии ҷолиберо ба намоиш гузоштанд.


Наздикӣ 20 ҳазор нафар аз деҳаҳои мухталифи шаҳри Ҳисор барои дастгирии футболбозони ин ду деҳа омада буданд.  Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи деҳаи Чангоби ҷамоати Хонақоҳӣ Кӯҳӣ доир шуд. Ба футболбозони деҳаи “Нилу” муяссар шуд, ки дар ин марҳилаи мусобиқа дастболо шаванд ва ҷому нишонҳои тиллои мусобиқаро ба даст биёранд.