Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар Ҷоми Осиё-2024 анҷом дод

Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар Ҷоми Осиё-2024 анҷом дод

16-уми апрел дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи шаҳри Давҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 анҷом дод. Дастаи мо дар оғози мусобиқа аз ғолиби феълии Ҷоми Осиё, тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд.

Ҳисобро дар вохӯрӣ Райан Ҳамид дар дақиқаи 14-ум боз кард. Бо гузаро шудани 6 дақиқа аз ирсоли головари Амадонӣ Камолов ниммуҳофизатгари мо Руслан Хайлоев ҳисобро баробар намуд. Голи Хайлоев аввалин голи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Ҷоми Осиё (U-23) буд.

Ҳаизам Асири дар поёни қисми аввали бозӣ аз ирсоли головари Абдулло Радиф истифода бурда, дар дақиқаи 45+8 дар ҳисоб саудиҳоро ба пеш баровард.

Дар қисми дуюми бозӣ яку якбора дар дақиқаҳои 55-ум ва 61-ум ҳамлагари ҷавони тими “Ал-Наср” – Айман Яҳё ду голро ба самар расонида, ҳисоби бозиро 4 бар 1 намуд. Аз ирсоли головари дигари Амадонӣ Камолов ин навбат Рустам Соиров гол зад ва ҳисоби бозиро коҳиш дод. Ноустувории хати дифоъ дар бозӣ бо саудиҳо моро дар бозии аввали Ҷоми Осиё ноком кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” Тайланд бо бозии дифоъкорона муқобили Ироқ бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард. Ҳамакнун, дар даври дуюм рӯзи 19-уми апрел Тоҷикистон бо Ироқ ва Арабистони Саудӣ бо Тайланд бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки охирон маротиба мунтахабҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Ҷоми Осиёи соли 2022 дар Ӯзбекистон бо ҳам бозӣ карда буданд, ки онҷо боҳӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи арабҳо анҷом ёфта буд.