“Лестер” ғолиби Чемпионшип шуда, ба ПЛА баргашт

“Лестер” ғолиби Чемпионшип шуда, ба ПЛА баргашт

Бозигарони «Лестер» дар даври 45-уми дивизиони дуюми пурқуввати Англия бар «Престон Норт Энд» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд. Ҷейми Варди дубл ва Кейси Маккейтер як голи дигар заданд.

Ҳоло «Лестер» бо 97 имтиёз як давр пеш аз марра ҷои якумро дар чемпионат кафолат дод.

Ҳамин тавр, пас аз як сол дигарбора “Лестер” ба Премйер – Лигаи Англия бармегардад.