Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23): тамринҳои охирин пеш аз бозӣ бо Арабистони Саудӣ

Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23): тамринҳои охирин пеш аз бозӣ бо Арабистони Саудӣ

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) пеш аз бозии даври аввали Ҷоми Осиё-2024 бо тими Арабистони Саудӣ тамринҳои охирини худро анҷом дод.

Машқҳои расмии дастаи мо дар маркази тамринии «Al Ersaal» сурат гирифта, як соат давом кард.

Ба ҷойи Содиқҷон Қурбонови ҷароҳатдошта, бозигари КМВА-и Душанбе Абдулло Шарипов барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2024 даъват шуд, ки имрӯз ба даста мепайвандад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дастаи Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии худ бо тими олимпии Арабистони Саудӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатро шабакаи телевизионии «Варзиш»  ба роҳ мемонад.