Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) тамринҳои пеш аз бозӣ бо Ироқро доир кард

Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23)  тамринҳои пеш аз бозӣ бо Ироқро доир кард

Дирӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Давҳа пеш аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими олимпии Ироқ тамринҳои пеш аз бозиро анҷом дод.

Дар гурӯҳи умумии дастаи олимпии мамлакат 22 нафар бозигар қарор дорад. Нимҳимоятгари КМВА-и Душанбе Абдулло Шарифов ба даста ҳамроҳ шуд. Дастаи мо дар Қатар боз ба мушкилии кадрӣ дучор шуд. Бозигари «Ҳосилот»-и Фархор Шоҳрух Сангов, ки метавонист ҳам ба ҳайси ҳимоятгари канорӣ ва ҳам нимҳимояи канорӣ бозӣ кунад, дар Ҷоми Осиё-2024 ба даста кӯмак карда наметавонад.

Бозигар аз зонуяш осеб бардошт. Қаблан Фаридун Давлатов ва Содиқҷон Қурбонов ҷароҳат бардошта буданд. Илова бар ин, бозигари дигари тими олимпии кишвар Алиҷони Бӯризод дар ҳайати мунтахаби кишвар аз зонуяш осеб бардоштааст.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистону Ироқ рӯзи 19 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳанд.