Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош мекунад

Шаҳриёр Даминов барои роҳхати олимпӣ талош мекунад

18 апрел дар шаҳри Токиои Ҷопон Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ оғоз гардид, ки то 21-уми апрел идома меёбад.

Ба иттилои Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон, ҷумҳурии моро Шаҳриёр Даминов намояндагӣ дорад ва рӯзи аввал дар марҳалаи интихобии сабқати С-1 ба масофаи 200 метр ширкат карда, ба марҳалаи финалӣ, ки имрӯз - 19-уми апрел доир мегардад, роҳ ёфт.

Варзишгарон имкон доранд дар чемпионат роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб гарданд. Дар сабқатҳои К-1, С-1, К-2, С-2 миёни мардон ва бонувон ду роҳхат дода мешавад.