Дастаи "Равшан" бар муқобили "Файзканд" омода мешавад

Дастаи "Равшан" бар муқобили "Файзканд" омода мешавад

Бинобар сабаби иштироки дастаи мунтахаби олимпии кишвар оид ба футбол дар бозиҳои интихобии Осиё муддати як моҳ дар Чемпионати кишвар танаффус эълон карда шуда, чанд бозии дастаҳои Лигаи олӣ ба таъхир уфтод. Инак бо гузашти вақт дастаҳо дигарбора ба тамрин баргашта ба даври навбатии Чемпионтаи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ тайёрӣ мебинанд. Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар даври 24-уми Чемпионат дар дербии минтақаи Кӯлоб бо дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ андари майдони рақобат мешавад. Бояд гуфт, ки дастаи “Равшан” то ин замон дар бозиҳои расмӣ дар баробари дастаи “Файзканд” боре ҳам шаҳди пирӯзӣ начашидааст. Замони дар Лигаи якум майдондорӣ намудан дастаи “Равшан” аз дастаи “Файзканд” ду маротиба мағлуб ва дар соли ҷорӣ бошад, ду бозиро мусовӣ анҷом додааст. Барои бозии навбатӣ бошад, шогирдони Наҷмуддин Толибов бо ҳайати пурра ба тамрин машғул буда, мақсад доранд, ки аз ин бозӣ се имтиёз ба даст оваранд.

Ёдрас мешавем, ки бозии дастаҳои “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ва дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ санаи 4-уми ноябр соати 14:30 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.