Даъвогари асосии ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» тибқи фарзияи The Mirror

Даъвогари асосии ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» тибқи фарзияи The Mirror

Нашрияи машҳури бритониёии The Mirror байни тарафдоронаш овоздиҳиро барои муайян намудани соҳиби ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-2021» баргузор намуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ ситораи аргентинии дастаи “ПСЖ” Лео Месси бо соҳиб шудани 15 653 овоз дар зинаи аввал қарор гирифт. Дар зинаи дуюм бошад, бозигари мисрии дастаи “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ 15 000 бо овоз ҷой гирифта, Роберт Левандовский аз “Барвария” дар зинаи сеюм аст.

Маросими тақдими ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ-2021” рӯзи 5 декабр дар Париж баргузор мешавад.